Пайвандҳои дастрасӣ

Сарбози рус - гумонбари қатли хонавода дар Гюмрӣ


Валерий Пермяков

Валерий Пермяков

Дар Арманистон, дар марз бо Туркия сарбози рус Валерий Пермяков, гумонбар дар куштори ваҳшиёнаи як хонавода дар шаҳри Гюмрӣ, дастгир шуд. Дар ин бора сухангӯи раёсати полис Ашот Агаронян рӯзи 13 январ ба хабаргузориҳо иттилоъ дод.

Қаблан хабар дода мешуд, ки рӯзи содир шудани ҷиноят Пермяков силоҳ дар даст худсарона пойгоҳи низомии воқеъ дар шаҳри Гюмриро тарк намудааст. Ҷасади шаш узви як хонаводаи Аветисян, аз ҷумла, духтарчаи яксоларо яке аз пайвандонашон пайдо кардааст. Дар ин ҳамла як писараки шашмоҳа маҷрӯҳ шудааст ва табибон вазъи ӯро “басо сангин” арзёбӣ мекунанд.

Дар ҷойи ҳодиса патрону тир ва далели асосӣ – пойафзоли низомие ошкор гардид, ки дар он ному насаби Пермяков сабт шудааст.

Ба иттилои хабаргузории ТАСС, вазорати дифои Русия барои тафтиши куштори оммавӣ дар Гюмрӣ комиссиюни вижа таъсис кард, ки ба он муовини вазир Аркадий Бахин сарварӣ мекунад. Тафтиши парванда таҳти назорати раисиҷумҳури Арманистон Серж Саргсян қарор дорад.

Дар Арманистон пойгоҳи 102-уми низомии Русия мустақар аст. Ҳифзи марзи Арманистону Туркия ҳам бар дӯши сарҳадбонҳои рус аст.

XS
SM
MD
LG