Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадшоҳи Комилзода аз ҳавзаи Шоҳмансур-3 номзад шуд


Рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Аҳмадшоҳи Комилзода дар ҳавзаи якмандатии рақами 3-и ноҳияи Шоҳмансур ҳамчун номзад аз Ҳизби демократии Тоҷикистон ба интихоботи Маҷлиси намояндагон пешбарӣ шуд.

Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократии Торҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳуҷҷатҳои Комилзода рӯзи 12 январ дар ин ҳавза пешниҳод шуда буд.

Рӯзноманигор Аҳмадшоҳи Комилзода дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ, гуфт дар Маҷлиси намояндагон афроди касбу тахассусҳои мухталиф ҳастанд, аммо рӯзноманигорон ангуштшуморанд ва ё шояд ҳеҷ нафаре ҳам набошад ва аз ин рӯ, ҳузури рӯзноманигорон ҳамчун вакил дар таҳияи қонунҳои муҳим барои кишвар ва баррасии масоили ҷидии ҷомеа, зарур аст. Номи Аҳмадшоҳи Комилзода дар феҳрасти ягонаи Ҳизби демократӣ дар ҷои чорум қарор дорад.

Дар ин ҳавза аз Ҳизби халқӣ-демократи Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов, вакил дар парлумони феълӣ ва аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Руқияи Нурӣ, духтари раҳбари фақиди ин ҳизб Саид Абдуллоҳи Нурӣ, номзад пешниҳод шудаанд.

Дар гузашта низ рӯзноманигорони тоҷик ба мисли Раҷаби Мирзо, Адолати Мирзо,Толибшоҳ Саидзода ҳамчун номзад ба интихоботи Маҷлиси намояндагон дар корзори интихоботӣ ширкат карданд, вале ба парлумон роҳ наёфтанд.

XS
SM
MD
LG