Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як раҳгузар дар таркише дар Кобул


Бар асари таркиши бомби сарироҳӣ дар Кобул, пойтахти Афғонистон, як нафар кушта ва се каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Як сухангӯи полис гуфт, миёни қурбониёни таркиш, ки субҳи сешанбе, 13 январ рӯй дод, як зан ҳам ҳаст. Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи қурбониёни ҳодиса сокинони осоиштаанд ва мошин дар натиҷаи таркиш комилан хароб шудааст.

Масъулияти ҳамларо Толибон бар ӯҳда гирифтанд.

Дар ҳодисаи дигар, ба иттилои полис, дар минтақаи Навзоди вилояти Ҳилманд шоми 12 январ як афсар ду ҳамкори худ, аз ҷумла, як раҳбари минтақаӣ ва фармондеҳи полисро ҳадафи тир қарор дод. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки дар ин ҳамла се корманди дигари полис ҷароҳат бардоштанд. Ҳамлагар аз оташи ҷавобӣ кушта шуд.

XS
SM
MD
LG