Пайвандҳои дастрасӣ

Тақозои Раҳимзода аз кормандони пулис


Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, аз кормандони пулис дар тамоми минтақаҳои кишвар тақозо кардааст, вазифаи хидматии худро содиқонаву софдилона ба иҷро расонанд. Оқои Раҳимзода, ки 12 январ дар мушовараи Вазорати умури дохилӣ суҳбат мекард, дар ин бора ҳарф зада ва аз маъмурони пулис хостааст, алайҳи ҷинояткорӣ сахттар камар бубанданд.

Ӯ гуфтааст, “кормандони милиса фаъолиятро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, муташаккилона, кибернетикӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дар самти пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ахлоқӣ, маъмурӣ ва дигар амалу кирдорҳои номатлуби ҷомеа пурзӯр намуда, вазифаҳои хизматии худро содиқона ва софдилона иҷро намоянд.”

Рамазон Раҳимзода дар ин сӯҳбати худ аз фаъолияти зердастонаш дар соли гузаштаи 2014, дар маҷмуъ, изҳори қаноат кардааст. Ба қавли ӯ, “дар давраи сипаригашта дар ҷумҳурӣ 571 чорабинии муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ доир карда шуд, ки дар 61 чорабинии он бевосита раиси ҷумҳур иштирок доштанд. Дар баргузории ин чорабиниҳо ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ, ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандону меҳмонон фаъолона иштирок намуданд.”

Вазири умури дохилӣ дар идома ҳамкории зичи кормандони пулис бо сокинонро дар миён гузошта, “аз дағалона вайрон шудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, истифодаи воситаҳои нақлиёт бе иҷозатномаи шишаҳои сиёҳу хира” изҳори ташвиш кардааст.

XS
SM
MD
LG