Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Репортаж аз Марғоб - деҳае, ки умуман барқ надорад (ВИДЕО)


Кӣ ва кай ба деҳаи Марғоби ноҳияи Ҳамадонӣ барқ мегузаронад.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:47 0:00

Деҳаи Марғоби ноҳияи Ҳамадонӣ бо 300 хонавода то ҳол нирӯи барқ надорад. Ба гуфтаи мақомот, дар вилояти Хатлон дар маҷмӯъ 116 деҳаву деҳкада умуман аз барқ маҳруманд.

Қувваи барқ барои сокинони деҳаи Марғоби ноҳияи Ҳамадонӣ ҳамон орзуи дастнорасе шудааст, ки на шаб ва на рӯз аз зеҳни онҳо дур намешавад. Дар ин деҳа кӯдаконеро, ки бо рӯшноии лампаи бобоӣ ба дунё омадаанд, шӯхиомез «Барқигулу Барқбибӣ» ном мебарад.

Кӯдакони ин русто барқро танҳо дар меҳмониҳо ба деҳкадаҳои ҳамсоя дида, тааҷҷуб мекунанд. Гулизор Шамсиева, як сокини деҳаи Марғоб, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, кӯдакони деҳа бо дидани қувваи барқ ва телевизор дар рустоҳои ҳамсоя ба ваҷд меоянд ва дигар намехоҳанд ба хонаҳои худ баргарданд. Ӯ мегӯяд: "Дар ин бебарқӣ ҳатто баъзе занҳои ҳомила зери шуои лампа таваллуд кардаанд. Писари ман то дусолагиаш нирӯи барқро комилан надида буд. Вақте барқро дид, ҳатто гурехт. Баъд оҳиста-оҳиста омӯхта шуд."

Деҳаи Марғоб бо 300 хонавода деҳаи калонтарини бебарқ дар минтақаи Кӯлоб аст. Барои мардуми ин деҳа ибораҳое амсоли «фурӯзонаки каммасраф», «лимити барқ» ва даҳҳо ибораи дигари марбут ба қувваи барқ бегонаанд. Мардуми ин деҳа ба деҳқонию чорвопарварӣ машғул буда, агар иваз шудани чароғҳои керосинии замони Шӯравиашонро бо чароғҳои керосинии зебои чинӣ сарфи назар кунем, дар зиндагиашон дар даҳсолаҳои охир ягон тағийроти ҷиддие рух надодааст.

Видео дар Ютуб:

Лолагул Бӯрихонова, вакили деҳаи Марғоб дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки то паҳлӯи деҳа, ки 500 метр дурӣ дорад, симчӯбҳои қувваи барқ кашида шудааст, аммо барои то деҳаи онҳо расондани хатти барқ 32 ҳазор доллар лозим аст. Ба қавли вакили Марғоб, онҳо талош кардаанд, ин маблағро аз роҳи “ҳашар” ҷамъ кунанд, аммо зӯрашон нарасид.

"Дар деҳа ҳозир 700 хона ҳаст ва 300 оила зиндагӣ дорад. Мо 20 ҳазор сомонӣ ҷамъ карда, худамон кӯшиш кардем, симчӯб харидаву қувваи барқ орем, аммо нашуд. Худатон як бор тасаввур кунед, дар ин камбизоатӣ аз куҷо сокинон 32 ҳазор доллар барои симчӯбу трансфарматор ҷамъ мекунанд?" - мегӯяд Лолагул Бӯрихонова.

Дар ин минтақа асосан рустоҳое барқ надоранд, ки дар манотиқи мушкилгузар ҷойгир шудаанд. Ин деҳаҳо аз шаҳри Кӯлоб дар фосилаи ҳамагӣ аз 50 то 200 километр воқеъ мебошанд, аммо бо сабаби харобии роҳҳо иртиботи онҳо бо марказҳои маъмурӣ роҳат нест. Деҳаи Марғоб дар ҳамагӣ дукилометрии маркази ноҳияи Ҳамадонӣ қарор дорад, вале то кунун муроҷиати сокинонаш барои васл кардани қувваи барқ амалӣ нашудааст. Радиоҳое, ки бо батерея кор мекунанд, ягона воситаи огоҳии ин мардум аз хабарҳои Тоҷикистону хориҷ будааст.

Замоне ки мо дар ин деҳа аксбардорӣ мекардем, кӯдакон рӯшноии аксгирии моро дида, бо нидои баланд «свет-свет-свет» мегуфтанд ва мехостанд лампаи аккосиро бо дастонашон дошта, бубинанд, ки дар воқеъ ин қувваи барқ аст. ​Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон ҳафтаи гузашта дар нишасти хабариаш гуфт, дар вилоят 116 деҳаву деҳкада умуман аз қувваи барқ маҳруманд. Танҳо дар минтақаи Кӯлоб 35 деҳа умуман қувваи барқ надорад ва деҳаи Марғоб калонтарини онҳо шуморида мешавад.

Давлатназар Холов, сардори идораи шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб мегӯяд, сабаби аз замони Шӯравӣ то ба ҳол бебарқ мондани ин деҳаҳо кам будани шумори аҳолии онҳост. Вале ҷаноби Холов мегӯяд, онҳо дар нақша доранд, давоми 1 соли оянда ин деҳаро бо ҳар роҳе бо нирӯи барқ таъмин кунанд.

XS
SM
MD
LG