Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати нави Афғонистон таъсис ёфт


Раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ пас аз чандин моҳи интихоботи президентӣ аъзои ҳукумати нави ин кишварро эълон кард. Номи 25 узви ин ҳукумат дар ҷаласае рӯзи 12 январ дар ҳузури раисиҷумҳур эълон шуд. Ин ҳукумат, ки ҳукумати ваҳдат номида мешавад, ҳамчунин се узви зан дорад, ки вазоратҳои таҳсилоти олӣ, иттилооту фарҳанг ва умури занонро сарварӣ хоҳанд кард. Ғанӣ ва рақиби ӯ дар интихобот барои ташкили ин ҳукумат чандин моҳ сафр карданд. Таъхир нигарониҳоеро ба бор оварда буд, ки ҳукумати ваҳдат метавонад аз ҳам пошад.

XS
SM
MD
LG