Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дасти Ал-Қоида дар Порис дида намешавад"


Додситони кулли Иёлоти Муттаҳида Эрик Ҳолдер рӯзи 11 январ гуфт, “маълумоти дақиқ” вуҷуд надорад, ки ҳамлаи Порисро шабакаи Ал-Қоида анҷом додааст. Дар мусоҳибаи телевизионияш Ҳолдер гуфт, “дар ҳоли ҳозир мо ягон иттилои боварбахш надорем, ки ҳамларо чӣ созмоне анҷом додааст.” Вай ҳамчунин гуфт, аз эҳтимоли ҳамлаи “гургҳои танҳо” ё афроди алоҳида бо илҳом аз дастаҳои марбут ба Ал-қоида дар қаламрави Иёлоти Муттаҳида нигарон аст.

XS
SM
MD
LG