Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзадҳои ҲКТ имтиҳони забонро супурданд


Ҳамаи 7 номзади ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба интихоботи порлумонии рӯзи 1 март рӯзи 12 январ имтиҳони забони тоҷикиро супурдаанд. Як манбаи Озодӣ дар Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) гуфт, аз номзадҳо тақозо мешуд, ки ба забони тоҷикӣ тарҷумаи ҳоли худро бинависанд ва як саҳифа матнро ба тоҷикӣ қироат кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи номзадҳои ҳизби коммунист имтиҳонро супурдаанд. То имрӯз алакай 67 номзад ба интихоботи 1 март имтиҳони забони тоҷикиро, ки яке аз талабҳои қонуни таҳришудаи интихоботи Тоҷикистон аст, супурдаанд.

XS
SM
MD
LG