Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зариф бо Керрӣ дар Женева мулоқот мекунад


Вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммадҷаводи Зариф мегӯяд, Эрон ва Иёлоти Муттаҳида дар дидори худ рӯзи 14 январ дар Женева роҳҳои тезонидани гуфтушунидҳои ҳастаиро баррасӣ хоҳанд кард. Зариф ва ҳамтои амрикоии ӯ Ҷон Керрӣ дар арафаи даври навбатии гуфтушуниди Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ – панҷ узви Шӯрои амнияти Созмони Милал – Иёлоти Муттаҳида, Фаронса, Русия, Чин, Бритониё бо иловаи Олмон мулоқот хоҳанд кард. Ин ҳамоиш қарор аст, 18 январ баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG