Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳимояти Фаронса аз мактабҳои яҳудӣ


Фаронса баъд аз ҳамлаи ситезаҷӯёни исломӣ ба фурӯшгоҳи ғизои кошерии яҳудӣ наздик ба 5000 маъмури амниятияшро барои ҳифзи мактабҳои яҳудӣ сафарбар мекунад. Вазири умури дохилии Фаронса Бернар Казнев гуфт, сарбозони артиш низ ба иҷрои ин вазифа ҷалб хоҳанд шуд. Вай ин нуктаро дар мулоқот бо волидайн ва донишҷӯёни яке аз 700 мактаби яҳудии Порис рӯзи 12 январ эълом дошт. Чаҳор нафар аз 17 кушташудаи ҳамлаҳои ахир дар Порис муштариёни фурӯшгоҳи ғизои кошерии яҳудӣ буданд. Онҳоро марди мусаллаҳе бо номи Амедӣ Кулибалӣ 9 январ гаравгон гирифта буд. Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Олланд ин ҳамларо ҳамчун “як амали мудҳиши яҳудбадбинона” маҳкум кард. Исроил мегӯяд, нигарони хуруҷи яҳудиҳо аз Фаронса аст. Шумораи яҳудиёне, ки мехоҳанд, аз Фаронса ба Исроил кӯчанд, назар ба 7000 нафари соли гузашта ба 10 000 нафар хоҳад расид.

XS
SM
MD
LG