Пайвандҳои дастрасӣ

Доварони қатарӣ дар бозии “Хайр” ва “Шайх Рассел”


Абдулраҳмон Иброҳим Ал-Ҷассим, довати қатарӣ.

Абдулраҳмон Иброҳим Ал-Ҷассим, довати қатарӣ.

Бозии даври дувуми интихобии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои “Хайр”-и Тоҷикистон ва “Шайх Рассел”-и Бангладешро ҳакамон аз Қатар доварӣ мекунанд.

Доварони бозии даври дувуми интихобии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои “Хайр”-и Тоҷикистон ва “Шайх Рассел”-и Бангладеш аз Қатар мебошанд. Довари ФИФА Абдулраҳмон Иброҳим Ал-Ҷассими 27-сола сардовари ин бозӣ таъин шудааст.

Ҷумъа Муҳаммад Ал-Буршаид ва Сауд Аҳмад Ал-Макалеҳ, ки ҳарду 26-солаанд, ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард. Хамис Муҳаммад Ал-Куварии 32-сола вазифаи довари эҳтиётиро бар дӯш дорад. Олим Орифов, сардори шӯъбаи техникии Федератсиони футболи Узбакистон, комиссари ин бозӣ таъин шудааст.

Ёдовар мешавем, ки бозӣ миёни дастаҳои «Хайр», барандаи ҷоизаи нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон ва «Шайх Рассел», қаҳрамони Бангладеш, рӯзи 10-уми феврал дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсиони футболи Тоҷикистон дастаи “Хайр”-и Ваҳдат ба дархосташ барои ширкат дар Ҷоми АФК-2015 бисту як бозигарро пешниҳод кардааст. Ҳайати дастаи “Хайр”-ро бозигарони нав, ба монанди дарвозабон Рустам Ризоев, ҳимоятгар Ҳасан Рустамов ва ҳамлагар Шодибек Ғаффоров, ки мавсими гузашта дар тими “Энергетик»-и Душанбе бозӣ мекарданд, пурра намуданд.

Инчунин ба дархости “Хайр” барои ширкат дар Ҷоми АФК ҳимоятгар Сафаралӣ Каримов аз «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан ва ҳамлагар Меҳроҷиддин Музаффаров, бозигари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки порсол дар дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бозӣ мекард, дохил шудаанд.

Дархости бошгоҳи футболи «Хайр» барои ширкат дар Ҷоми АФК-2015:

дарвозабонҳо: 1. Худододагӣ Абдураҳимов, 25. Рустам Ризоев, 28. Анатолий Старушенко (Украина),

ҳимоятгарон: 2. Сафаралӣ Каримов, 3. Парвизҷон Ҳомидов, 4. Фирӯз Шамсиев, 12. Ҳасан Рустамов, 15. Баҳодур Шарифов, 17. Идибек Ҳабибуллоев, 22. Муҳаммадюсуф Хайров,

нимҳимоятгарон: 5. Маҳмадалӣ Содиқов, 6. Далерҷон Шарифов, 8. Алишер Улмасов, 10. Амирбек Ҷӯрабоев, 11. Андох Наполеон (Гана), 14. Мӯҳсинҷон Парпиев, 20. Бебей Кингли Поул Роланд (Камерун).

Ҳамлагарон: 7. Мирзобек Мирзоев, 9. Меҳроҷиддин Музаффаров, 18. Шодибек Ғаффоров, 19. Алишер Хайров.

Сармураббӣ: Тоҳир Муъминов.

Бар асоси дастури Ҷоми АФК-2015, “Хайр” метавонад як ҳафта пеш аз бозии аввалин боз панҷ нафарро ба дархосташ илова намояд.

Бояд тазаккур дод, ба «Хайр» барои он ки ба даври гурӯҳӣ роҳ ёбад, ду ғалаба ба даст овардан зарур аст. Дар мавриди пирӯзӣ бар «Шайх Рассел», ”Хайр” дар даври севум ва ҳалкунандаи интихобӣ 17-уми феврал дар сафар бо барандаи Ҷоми Лубнон-2014 - бошгоҳи «Салом Ҷҳарта»- рақобат хоҳад кард.

Дар сурати роҳ ёфтан ба Ҷоми АФК-2015 «Хайр» дар гурӯҳи «А» бо «Ал-Ваҳдат» ё «Зат Рас»-и Урдун, «Ал-Наҳда» ё «Сувайк»-Умон ва «Ал-Ваҳда»-и Сурия рақобат хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG