Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҷапакса ба табаддулот гумонбар мешавад


Раҷапакса ва Ҳомид Карзай (акс аз бойгонӣ)
Раҷапакса ва Ҳомид Карзай (акс аз бойгонӣ)

Ҳукумати нави Шри-Ланка эълом дошт, ки мехоҳад талоши табадуллоти давлатӣ аз сӯи раисиҷумҳури пешин Махинда Раҷапаксаро тафтиш кунад. Гуфта мешавад, кӯшиши табаддулот баъди он сурат гирифт, ки сарвари пешини кишвар дар интихоботи раёсатҷуиҳурии ҳафтаи гузашта ба шикаст мувоҷеҳ шуд.

Намояндаи ҳукумат рӯзи 11 январ дар нишасти хабарӣ дар Коломбо гуфт, Раҷапакса фақат баъд аз он барои тарки мақом розӣ шуд, ки сарфармондеҳи артиш ва раиси полис аз ҳамкорӣ бо ӯ барои аз роҳи зӯрӣ нигаҳ доштани қудрат сарпечӣ карданд.

Ин изҳоротро намояндагони артишу полиси Шри Ланка ташреҳ накардаанд.

Дар интихоботи раёсатҷумҳурии Шри-Ланка раҳбари пешини мухолифин Майтрипал Сирисен пирӯз шуд.

XS
SM
MD
LG