Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурби $ дар саррофиҳо аз 5,6 сомонӣ гузашт


Як сол пеш қурби асъор чунин буд
Як сол пеш қурби асъор чунин буд

Қурби сомонӣ дар муқобили доллар аз марзи 5 сомонию 60 дирам гузашт. Бино ба гузориши Бонки миллии Тоҷикистон, алакай рӯзи 8 январ “қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 5,6230-5,6430 сомонӣ, ш. Хуҷанд 5,6600-5,6800 сомонӣ ва ш. Қӯрғонтеппа 5,6500-5,6700 сомониро ташкил намуд.” Ҳамзамон бино ба ин манбаи расмӣ, қурби рубл ва евро дар муқобили сомонӣ пойинтар рафта, 1 рубли русӣ ба 0,0890-0,0910 сомонӣ ва 1 евро ба 6,5270-6,5490 сомонӣ баробар шудааст. Гуфта мешавад, ба сурати умум дар соли 2014 қурби сомонӣ дар муқобили доллар 11 дарсад коҳиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG