Як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон ва шарики 29-солаи ӯ аз Ӯзбакистон дар шаҳри Маскав бо гумони қатли ду ронандаи такси дастгир шудаанд. Манбаи хабаргузории Интерфакс дар пулиси пойтахти Русия гуфтааст, ин ду нафар ба он айбдор мешаванд, ки рӯзи 30 декабр дар шаҳраки Первомайск дар минтақаи маъруф ба “Новая Москва” ронандаи як мошинро киро карда, дар роҳ ба сари ӯ аз туфанги траматикӣ тир андохтаанд ва сипас таксиронро бо тасма буғӣ карда, ҷасадашро гӯрондаанд. Ҳамин тавр, ба гуфтаи мақомот, ин ду нафар рӯзи 4 январ як ронандаи дигарро дар ҳудуди рустои Кузнетсовои “Новая Москва” куштаанд.
Дар ҳарду маврид ҳамлагарон мошинҳои “Hyundai”-и ронандаҳои кушташударо рабудаанд. Ин ду мошинро, ки ба як ширкати такси тааллуқ доштанд, ба ин ширкат баргардондаанд. Алайҳи ин шаҳрвандони тоҷику ӯзбак, ба гуфтаи манбаи Интерфакс, бо иттиҳоми “куштор” парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.