Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти нави сарони Фаронса, Олмон, Русия ва Украина ба хотири баррасии бӯҳрон дар шарқи Украина фақат дар ҳоле мумкин хоҳад шуд, ки дар татбиқи созиши Минск пешрафте ҳосил шавад. Ин изҳороти садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар сӯҳбати телефонияш бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин садо дод.

Аввалҳои моҳ раисиҷумҳури Украаина Петро Порошенко гуфта буд, ки дар бораи баргузории нишасти сарони чаҳор кишвар аз рӯи «формати Нормандия» дар шаҳри Остонаи Қазоқистон рӯзи 15 январ созиши пешакӣ ҳосил шудааст. Ӯ ахиран бори дигар аз сарони се кишвар даъват кард, ки дар ин музокирот ширкат кунанд.

Хабаргузории Рейтер бо такя ба изҳороти сухангӯи ҳукумати Олмон Штеффен Зайберт навиштааст, Меркел аз талоши Русия барои ҳалли бӯҳрон дар шарқи Украина истиқбол карда, аммо ширкаташ дар нишасти Остонаро тайид накардааст. Ба гуфтаи Зайберт, садри аъзами Олмон ба Путин паёми возеҳ додааст, ки ҳама ҷонибҳо барои иҷрои шартҳои созиши Минск бояд аз ҳама чораҳои зарурӣ кор гиранд.

Созиш миёни мақомоти Украина ва намояндагони ҷудоихоҳони рустабор, ки Донбассро таҳти назорат қарор додаанд, моҳи сентбяр дар пойтахти Белорус бо ширкати миёнаравҳои байнулмилалӣ ҳосил шуда буд.

Қарор аст, ки рӯзи душанбе вазирони умури хориҷии чаҳор кишвар дар Берлин авзоъ дар шарқи Украинаро баррасӣ кунанд.

Моҳи июни соли гузашта ҳангоми таҷлил аз 70-солагии вуруди нерӯҳои ҳампаймон ба минтақаи Нормандияи Фаронса сарони Олмон ва Фаронса барои нахустин бор миёнарав дар музокироти миёни Маскав ва Киев шуданд. Аз ҳамон замон ҳама гуна нишасту музокирот бо ширкати ҳайатҳои чаҳор кишвар – Украина, Русия, Олмон ва Фаронса «формати Нормандия» ном бурда мешаванд.

Охирин мулоқоти сарони «чаҳоргона» моҳи октябри соли гузашта дар Милан (Италия) баргузор ва ба баҳси газ миёни Русияву Украина бахшида шуда буд.

XS
SM
MD
LG