Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар раҳпаймоии Порис 1 миллион ширкат мекунанд


Дар раҳпаймоии ҳамдилӣ ва ёдбуди қурбониёни ҳамлаҳои террористӣ дар Порис рӯзи 11 январ беш аз як миллион нафар ва даҳҳо раҳбарони кишварҳо ширкат хоҳанд кард.

Мануэл Валлс, нахуствазири Фаронса, рӯзи якшанбе гуфт, мардум ба хотири намоиши муҳаббати худ ба озодиву бародарӣ баъд аз ҳамлаи ифротгароҳо ба идораи маҷаллаи “Шарлӣ Эбдо” ва гаравгонгирӣ дар мағозаи яҳудиҳо гирди ҳам меоянд. Дар ин ҳодисаҳо 17 нафар ҷон бохтаанд.

Мақомоти Фаронса мегӯянд, ки барои таъмини амнияти раҳпамоӣ ҳазорон кормандони полису низомиён сафарбар шудаанд.

Қарор аст, ки дар раҳпаймоии Порис, аз ҷумла, нахуствазири Бритониё Дэвид Камерон, садри аъзами Олмон Ангела Меркел, вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров, нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняху, раҳбари Фаластин Маҳмуд Аббос ширкат кунанд.

Рӯзи шанбе дар намоишҳо алайҳи терроризм дар Порис беш аз 700 ҳазор нафар иштирок карданд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Туркия гфтанд, ки Ҳаёт Бумеддиен, шарики эҳтимолии Амедӣ Кулибалӣ, қотили як полисзани фаронсавӣ ва гаравгонгир дар мағозаи яҳудӣ, ҳанӯз 2 январ вориди Туркия шуда буд ва ҳоло шояд дар қаламрави Сурия бошад. Як манбаъ дар полиси Порис рӯзи шанбе гуфта буд, ки Ҳаёт Бумеддиенро на миёни кушташудагон ва на миёни маҷрӯҳон пайдо накардаанд

XS
SM
MD
LG