Пайвандҳои дастрасӣ

Дар канори шаҳри Карочии Покистон бар асари бархӯрди автобуси мусофирбар ва мошини нафткашон рӯзи якшанбе, 11 январ, дасти кам 57 нафар, аз ҷумла, занону кӯдакон ба ҳалокат расиданд. Ҳарду мошин оташ гирифтанд. Табибон мегӯянд, ки омори қурбониён шояд афзоиш ёбад, зеро баъзе ҷасадҳо комилан сӯхта ва бо ҳам омехта шудаанд. Бештари ҷасадҳоро фақат баъд аз ташхиси ДНК метавон шиносоӣ кард, мутмаинанд табибон.

Ба иттилои расмӣ, шумораи мусофирони автобус, ки аз шаҳри Карочӣ сӯи Шикарпур ҳаракат мекард, беш аз 60 нафар буд, чанд каси дигар болои боми он нишаста буданд. Гуфта мешавад, ронандаи мошини нафткашон ногаҳонӣ ба самти муқобили роҳ баромада, боиси садамаи маргбор шудааст.

Моҳи ноябри соли гузашта дар натиҷаи садамаи автобус дар наздикиҳои шаҳри Хайрпури вилояти Синд 58 нафар ҷон бохта буданд.

XS
SM
MD
LG