Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 куштор - дар 7 рӯзи аввали соли 2015


Танҳо дар як ҳафтаи аввали соли 2015 дар вилояти Суғд 3 куштор рух додааст. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар дод, ки “рӯзи 07.01.с.2015, тахминан соати 19.30 дақиқа, сокини ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара Шаропов Бадриддин, соли таваллудаш 1971, дар хонаи истиқоматиаш, аз сабаби хусумати шахсӣ бо истифода аз ноқили барқӣ гулӯи шаҳрванд Хизвалоҷон Басирҷонзода, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи ҷамоати мазкурро буғӣ намуда, ба ҳалокат мерасонад.” Алайҳи Б. Шаропов бар асоси моддаи 10-уми Кодекси ҷиноӣ (куӯтор) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Аз он қабл, рӯзи 5 январ дар Исфара як зан шавҳарашро бо корд кушд. Ҳамин тавр, дар ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ сокини маҳаллӣ Мирзоалӣ Мирзоев бо корд ҳамдеҳааш Ҳабиб Холбековро ба ҳалокат расондааст. Соли гузашта дар Суғд 33 куштор ва дар соли 2013 44 куштор сабт шуда буд.

XS
SM
MD
LG