Пайвандҳои дастрасӣ

Казнев: Фаронсавиҳо бояд аз ҳушёрӣ кор бигиранд


Вазорати умури дохилии Фаронса аз шаҳрвандони кишвар даъват кард, ки баъд аз ҳамлаҳои террористии ахир аз ҳушёрии фавқулодда кор бигиранд.

Бернар Казнев, вазири умури дохилии Фаронса, рӯзи шанбе, 10 январ, баъд аз ҷаласаи фаврӣ дар Кохи Елисей таҳти раёсати раисиҷумҳур Франсуа Ҳолланд гуфт, ки рӯзҳои наздик дар кишвар сатҳи баланди таҳдиди террористӣ боқӣ мемонад. Ӯ афзуд, барои таъмини амният дар ҷараёни раҳпаймоии эътирозӣ, ки қарор аст рӯзи якшанбе дар Порис баргузор шавад, аз ҳама чораҳои зарурӣ кор гирифта хоҳад шуд. Қарор аст, ки дар ин раҳпаймоӣ сарони бархе аз кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла, садри аъзами Олмон Ангела Меркел, нахуствазири Бритониё Дэвид Камерон ва раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко ширкат кунанд.

Аз ин пеш Мануэл Валс, нахуствазири Фаронса, камбудиҳо дар фаъолияти нерӯҳои вижаи муқовимат бо терроризмро иқрор намуд ва гуфт, ки дар се рӯз бар асари ҳамлаҳои террористӣ дар кишвар 17 нафар ба ҳалокат расиданд. Ӯ дар як сӯҳбат бо шабакаи телевизионии BFM рӯзи шанбе, 10 декабр, афзуд, ки ҳукумати Фаронса бояд ин ҳаводисро таҳлилу баррасӣ кунад.

Ёдовар мешавем, бар асари ҳамла ба идораи маҷаллаи "Шарли Эбдо" рӯзи 7 январ 12 нафар, аз ҷумла, ҳашт корманди маҷалла кушта шуданд. Миёни онҳо - сардабири маҷалла Стефан Шарбонье маъруф ба “Шарб” ва рассомон Жан Кабу, Жорж Волински ва Бернар Верлак ё "Тину" ҳам буданд.

Гумонбарони ин ҳамла бародарон Саид ва Шариф Куашӣ рӯзи ҷумъа дар амалиёти вижаи полис дар шаҳри Даммартэн-ан-Гуэл кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG