Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ромнӣ дар интихоботи президентии ИМА ширкат мекунад


Митт Ромнӣ

Митт Ромнӣ

Митт Ромнӣ, собиқ номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳон имкони пешбарии такрории номзадияш ба мақоми раисиҷумҳури ИМА дар интихоботи соли 2016-ро баррасӣ мекунад. Ӯ дар ин бора бори нахуст рӯзи ҷумъа дар Ню-Йорк дар мулоқоташ бо сармоягузорони эҳтимолии маъракаи пешазинтихоботӣ хабар дод.

Чанд моҳ пеш Мит Ромнӣ дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии NBC гуфта буд, ки барои дар интихобдоти навбатӣ номзади ҷумҳурихоҳон шудан талош нахоҳад кард, зеро дар ҳизб одамони сазоворе ҳастанд, ки хело беҳтар аз ӯ барномаи ҷумҳурихоҳонро то а интихобкунандагон мерасонанд.

Митт Ромнӣ соли 2008 дар сабқат бо Ҷон Маккенй барои номзади ҳизб шудан шикаст хӯрд. Соли 2012 бошад дар набард бо номзади демократҳо Барак Обама мағлуб шуд.

Чанд рӯз пеш волии пешини Флорида Ҷеб Буш ҳам эълом дошт, ки ба хотири ширкаташ дар интихоботи раёсатҷумҳурии ИМА ҳамчун номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳон ба ҷамъоварии маблағ шурӯъ мекунад.

XS
SM
MD
LG