Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷазои будубоши беиҷоза дар Русия шадидтар шуд


Дар Русия шурӯъ аз 10 январ татбиқи қонуне шурӯъ шуд, ки муҷозот барои будубоши ғайриқонунӣ дар кишварро шадидтар мекунад. Ба иттилои Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, аз ин баъд шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бидуни шаҳрвандие, ки пас аз хатми мӯҳлати иҷозаи иқомат 360 рӯзи дигар дар кишвар мемонанд, барои 10 сол аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум хоҳанд шуд. Барои беш аз 120 рӯзи ҳузури ғайриқонунӣ - 3 сол ва барои 270 рӯзи иқомати беиҷоза – 5 соли маҳрумияти вуруд ба Русия муқаррар шудааст.

Ба гуфтаи раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия
Константин Ромодановский, айни ҳол тақрибан 734 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ беш аз 270 рӯз ва 1 миллиону 28 ҳазор дигар беш аз 360 рӯз дар кишвар ғайриқонунӣ ба сар мебаранд

Се рӯз пеш Константин Ромодановский аз 70 дар сад коҳиш ёфтани вуруди муҳоҷирон назар ба ҳамин давраи соли гузашта хабар дода буд. Ба гуфтаи ӯ, кам шудани теъдоди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, ба истиснои Қирғизистон, мушоҳида мешавад. Ҳамзамон, ба ҷуз сокинони Украина ва Молдавия, ҳарчӣ бештар шаҳрвандони Чин, Кореяҳои Шимолӣ ва Ҷанубӣ барои кор ба Русия меоянд, афзудааст Ромадановский.

Дар Федератсиони муҳоҷирони Русия ба радиои “Эхо Москвы" гуфтанд, ки коҳиши вуруди муҳоҷирон бо ҷорӣ шудани шартҳои нави дарёфти патент ё муҷаввизи кор рабт дорад. Акнун муҳоҷирон патентро фақат дар ҳоле метавонанд бихаранд, ки имтиҳонҳои забони русӣ, таърихи Русия ва асосҳои ҳуқуқро супурда бошанд.

XS
SM
MD
LG