Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Полиси Фаронса: ҷустуҷӯи Ҳаёт идома дорад


Ҳаёт Бумеддиен ва Амедӣ Кулибалӣ

Ҳаёт Бумеддиен ва Амедӣ Кулибалӣ

Полиси Фаронса ҷустуҷӯи шарики эҳтимолии Амедӣ Кулибалиро, ки дар куштори як хонуми полис ва гаравгонгирӣ айбдор мешавад, идома медиҳад.

Ҳаёт Бумеддиени 26-сола, ки бар пояи бархе хабарҳо, ҳамсари Амедӣ будааст, дар ҳамдастӣ бо террорист муттаҳам мешавад. Ба иттилои полис, хонум Ҳаёт мусаллаҳ ва басо хатарнок аст. Як манбаъ дар полиси Порис рӯзи шанбе хабар дод, ки Ҳаёт Бумеддиенро на миёни кушташудагон ва на миёни маҷрӯҳон пайдо накардаанд.

Амедӣ Кулибалӣ рӯзи ҷумъа дар мағозаи яҳудиҳо шарқи Порис чандин нафарро гаравгон гирифт. Дар амалиёти полис чаҳор гаравгон ва Кулибалӣ ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG