Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ мегӯяд, мақомот монеа эҷод мекунанд


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз фишорҳои рӯзафзуни мақомот дар остонаи интихоботи парлумонӣ алайҳи ин ҳизб хабар медиҳад. Дар изҳороти Дафтари матбуоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки рӯзи 10 январ пахш шуд, ба мавориде чун қироати номаи “8657 донишҷӯ” ба Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҳизб ва вакили МН дар бархе аз масоҷиди вилояти Суғд, монеаэҷодкунӣ дар баргузориҳои конфронсҳои бахшҳои маҳаллии ҳизб барои пешбарии номзадҳо, ишора шудааст.

Дар ин изҳороти ҲНИТ аз ҷумла ба иддаои додситонии вилояти Халтон ишора шудааст, ки ду рӯз қабл гуфта буд, ки нашри наворҳои фаҳшое, ки дар интернет бо иштироки "мулло-табибҳо" нашр мешаванд, кори дасти худи кормандони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикстон аст. ҲНИТ мегӯяд, ки ин иддаоҳо беасос буда ва онҳо борҳо эълон кардаанд, ки таҳия ва нашри наворҳои фаҳш кори дасти ниҳодҳои махсус мебошад. ҲНИТ бо таассуф гуфтааст, ки додситонӣ ба ҷои пайдо кардани омилони асосии пахши наворҳо, бидуни овардани далел тараферо дар амалҳои ғайриахлоқӣ муттаҳам менамояд.

Масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчунин аз идомаи эҷоди монеаҳо аз сӯи мақомоти маҳаллӣ дар бархе навоҳии кишвар дар баргузории конфронсҳои интихоботии ин ҳизб хабар доданд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҲНИТ, қарор буд имрӯз, 10 январ конфронси ин ҳизб барои пешбарии номзад дар ноҳияи Вахш доир шавад, аммо мақомот дар толоре, ки қаблан барои ҲНИТ ҷудо шуда буд, нишасти худро баргузор карданд. Ба гуфтаи мақомоти ҲНИТ, онҳо ҳанӯз дар таърихи 31 декабр барои гирифтани толор ба ҳукумати ноҳияи дархост пешниҳод карда буданд. Интизор меравад, ки конфронси ҲНИТ дар Вахш дар хонаи яке аз фаъолони ин ҳизб баргузор шавад, ҳарчанд КМИР масъулини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро мутмаин сохтааст, ки ба онҳо толор хоҳанд дод. Ҳамчунин, масъулини бахши ҲНИТ дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ имрӯз гуфтанд, ки 4 рӯз пеш барои гирифтани толоре барои гузаронидани конфронси интихоботӣ ба мақомот дархост кардаанд, аммо то ҳол мақомот аз додани толор худдорӣ менамоянд. Ҳизби наҳзати исломӣ аз ин қабл шикоят карда буд, ки мақомот дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Қумсангир ва бархе манотиқи дигар барои баргузории конфронсҳо барои пешбарии номзадҳо ба интихоботӣ парлумонӣ, монеа эҷод кардаанд.

ҲНИТ ҳамчунон мегӯяд, ки дар ноҳияи Истаравшан бошад, баъди ин ки масъулини бахши ноҳиявии ҳизб рӯйхати аъзои комиссияҳои участкавии ноҳия аз тарафи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба мақомоти ноҳия пешниҳод карданд, фишорҳо болои фаъолони ин ҳизб, ки номҳояшон дар ин рӯйхат дарҷ гардидааст, идома дорад, то аз узвияти комиссияҳои участкавӣ хориҷ шаванд. Мақомоти ҲНИТ мегӯянд, чунин фишорҳо болои аъзои комиссияҳои участкавӣ дар ноҳияи Ашт ҳам сурат гирифта буд. Интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар таърихи 1 марти соли равон доир мешавад ва раванди пешбарии номзадҳо аз сӯи аҳзоби сиёсӣ идома дорад.

XS
SM
MD
LG