Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ду минтақаи Порис гаравгонгиронро ба қатл расонданд


Бино ба гузоришҳои матбуотӣ аз Фаронса, ду бародаре, ки бо шабакаи террористии Ал Қоида иртибот доштанд ва дар Порис кормандони ҳафтаномаи Charlie Hebdo-ро ба қатл расонданд, дар шаҳраки Доммартин-эн Гол дар шимоли шарқи Порис аз тарафи нируҳои амниятии Фаронса ба қатл расиданд.

Ин бародарон Шариф ва Саид Каушиҳо ҳамон мардони мусаллаҳе буданд, ки 7 январ ба дафтари ҳафтаномаи Charlie Hebdo дар Порисҳамла бурданд ва дар ин ҳамла 12 нафарро ъераҳмона куштанд. 8 нафари кушташудагон рӯзноманигорон ва ду нафари дигар кормандони пулис буданд.

Дар минтақаи дигари Порис ҳам, ки ҳодисаи дуввуми гаравгонгирӣ пеш омада буд, нируҳои мусаллаҳ марди гаравгонгирро ҳадафи тир қарор доданд. Қатли гаравгонгирон дар ду минтааи шаҳри Порис тақрибан ҳамзамон иттифоқ афтод.

XS
SM
MD
LG