Пайвандҳои дастрасӣ

Марде, ки дар Боку худсӯзӣ кард, шиносоӣ шуд


Пулиси Озарбойҷон ҳуввияти мардеро, ки худро дар шаҳри Боку оташ зада буд маълум кард. Пулис инкор кард, ки сабаби худсӯзии ин мард бо тахриби хонаҳои як маҳаллаи зист дар шаҳри Боку иртибот надорад.

Пулиси ноҳияи Ясамали Боку гуфт, Комрон Агееви 21 сола 8 январ худро оташ задааст. Ба гуфтаи пулис, расидагӣ ба сабабҳои ин худсӯзӣ оғоз шудааст, вале тавзеҳ надод, ки шахсе ё гурӯҳе барои чунин кор вайро таҳрик намудааст.

Агеев дар кӯчае худро оташ задааст, ки мақомоти шаҳрдорӣ хонаҳои онро тахриб мекунанд. Сокинони ин маҳал аз моҳҳо ба ин сӯ барои ҷуброни муносиб бар зидди мақомот эътироз мекунанд.

XS
SM
MD
LG