Пайвандҳои дастрасӣ

Фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар бораи таъсиси Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо варзишгарону мураббиён ва кормандони соҳа хуш пазируфтанд.

Аз фармони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, дар бораи таъсиси Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, ки рӯзи 9 январ содир шуд, варзишгарону мураббиён ва кормандони соҳа хушҳол гаштанд.

Муҳаммадшоҳ Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар робита ба ин фармон гуфт, ”мо, кормандони соҳа, аз ин хушхабар хеле шод шудем. Минбаъд варзишгарони мо, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бо пирӯзиашон шарафи Тоҷикистонро баланд мебардоранд, аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии президенти кишвар мукофотонида мешаванд. Бешак, чунин дастгирӣ ва қадрдонӣ онҳоро барои фатҳи қуллаҳои баланди варзиш ҳидоят хоҳад кард.”

Ҳамсӯҳбати дигари мо Ҷомӣ Латифов, ҷоизадори Бозиҳои IVсоҳилии осиёӣ дар Фукети Тайланд, мегӯяд, “аз таъсиси Ҷоизаи президенти Тоҷикистон хушҳол шудам. Мо, варзишгарон, аз ин тасмими президенти кишвар рӯҳу илҳоми тоза гирифта, мекӯшем, ки дар арсаи ҷаҳон парчами Тоҷикистонро баланд бардорем.”

Исматулло Хоҷаев, ноиби раиси Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон, низ аз таъсиси Ҷоизаи мазкур изҳори хурсандӣ намуд ва иброз дошт, ки “ҳангоми таҳияи Низомномаи мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ҳавасмандкунии молии мураббиёни онҳо низ бояд ба назар гирифта шавад.”

Ёдовар мешавем, дар ин фармон, аз ҷумла омадааст, ки бо мақсади ҳавасманд намудани ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва дар ин робита баланд бардоштани сатҳи иштироки варзишгарон Тоҷикистон дар ин мусобиқаҳо, чунин тасмим гирифта шудааст.

Дар ин фармон гуфта мешавад, ки маблағгузории Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шавад.

Мутобиқи ин фармон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шудааст, ки дар мӯҳлати 2 моҳ Низомнома ва ҳайати Комиссияи мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо таҳия ва тасдиқ ва масъалаҳое, ки аз фармони мазкур бармеоянд, аз ҷумла масъалаҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва молиявиро ҳал намояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG