Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрону Амрико музокироти ҳастаӣ анҷом медиҳанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳафтаи оянда мақомоти Амрико ва Эрон дар Женева бо ҳам роҷеъ ба барномаҳои зиддунақизи ҳастаии Эрон музокира анҷом медиҳанд. Вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфт, ки хонум Вендӣ Шерман-иҷрокунандаи мақоми муовини вазири корҳои хориҷаи Амрико дар садри ҳайати амрикоӣ 15-17 январ дар ин музокирот ширкат меҷӯяд.

Ҳелга Шмид-мудири сиёсии Иттиҳодияи Аврупо низ ба музокироти мақомоти Амрикову Эрон ҳамроҳ хоҳад шуд.Вай ҳамчунин 18 январ раҳбарии музокироти ҳастаии Эрон бо шаш қудрати ҷаҳониро бар уҳда хоҳад дошт.

Мақомоти Эрону Британия, Фаронсаву Чин, Русияву Олмон ва Амрико ду бор дар чаҳорчӯбаи мӯҳлати пешбинишуда натавонистанд дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон ба тавофуқоти ниҳоӣ муваффақ шаванд.

XS
SM
MD
LG