Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аврупо чораҳои зиддитеррористиро баррасӣ мекунад


Доналд Туск

Доналд Туск

Доналд Туск-раҳбари Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ки дар мулоқоти ояндаи раҳбарони кишварҳои узви ин иттиҳодия талошҳои зиддитеррористиро баррасӣ хоҳанд кард. Ҳафтаи ҷорӣ дар Порис ҳамлаи фоҷиабор анҷом гирифт. Туск ин нуктаро дар Рига-пойтахти Латвия изҳор дошт. Латвия аз 1 январ барои ним сол раҳбарии Иттиҳодияи Аврупоро бар уҳда гирифт.

Вай гуфт, ки мехоҳад мулоқоти 12 февралро барои баррасиҳои бештари посухи Иттиҳодияи Аврупо ба ҳамлаи ваҳшиёнаи Порис истифода кунад.

Мардони мусаллаҳи ниқобпӯш 7 январ ба дафтари ҳафтаномаи ҳаҷвии Charlie Hebdo ҳамла бурданд ва 12 нафарро ба қатл расонданд. 11 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар давоми ним асри гузашта ин бадтарин ҳамла дар Фаронса мебошад.

XS
SM
MD
LG