Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон нахустин фиристандаи рақамӣ сохта шуд


«Телерадиком” мегӯяд, нахустин фиристандаи рақамӣ (мавҷпарокан) дар Тоҷикистон аз ҷониби ширкати “Тоҷикэлектроника” истеҳсол шуд ва феълан дар ҳоли озмоиш қарор дорад. Сӯҳроб Алиев, раиси “Телерадиоком”-и Тоҷикистон имрӯз, 9 январ гуфт, ширкати “Тоҷикэлетроника” тавонист рӯзи панҷшанбе нахустин фиристандаи рақамӣ бо стандарти ҷаҳониро истеҳсол намуд ва он феълан барои озмоиши фанӣ пешниҳод шудааст. Вай гуфт, ки барои нахустин бор аст, ки дар Тоҷикистон ба истеҳсоли фиристандаи рақамӣ барои роҳ ёфтан ба бозори минтақавӣ даст зада шудааст. Ба гуфтаи Сӯҳроб Алиев, дар истеҳсолу ба роҳ мондани ин фиристанда ширкатҳои ғарбӣ ҷалб карда шуданд ва пас аз пурра аз озмоиш гузаштани нахустин фиристанда, ба истеҳсоли пурраи он оғоз шуда, аввалн дар Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Тоҷикистон дар назар дорад фиристандаҳои худро ба Афғонистону Покистон ва Қирғизистон ба фурӯш монда, дар бозори минтақавӣ роҳ ёбад.

XS
SM
MD
LG