Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Пикардии Порис садои тир шунида мешавад


Бино ба гузоришҳои ахир, ки аз қавли пулис нашр мешавад, дар маҳаллаи шимолии шаҳри Порис садои тирандозӣ идома дорад ва нируҳои амниятӣ мошинеро таъқиб мекунанд. Дар ин минтақа котилони эҳтимолӣ паноҳ бурдаанд ва ҳазорон нафар кормандони пулис ва сарбозон бо ҳимояти чархболҳо аз ҳаво дар маҳаллае дар шимоли шаҳри Порис ду нафар қотилони эҳтимолии кормандони ҳафтаномаи ҳаҷвии Charlie Hebdo -ро ҷустуҷӯ мекунанд.

Мақомоти расмии Фаронса мегӯянд, ки 88 ҳазор нафар нируҳои низомӣ дар саросари кишвар ба по хезонда шудаанд ва ҳазорон нафари дигар дар минтақаи шимолии Пикардӣ мустақар шудаанд. Гуфта мешавад, ки дар ин минтақа 8 январ бародарон Шарифи 32 сола ва Саиди 34 солаяк маркази газдиҳиро ғорат кардаанд.

Эҳтимолан бародарон Шариф ва Саид Каушиҳо ҳамон мардони мусаллаҳе ҳастанд, ки 7 январ ба дафтари ҳафтаномаи Charlie Hebdo ҳамла бурданд ва дар ин ҳамла 12 нафар ба қатл расиданд. 8 нафари кушташудагон рӯзноманигорон ва ду нафари дигар кормандони пулис мебошанд.

Як мақоми баландпояи Амрико мегӯяд, ки Саид Каушӣ чанд сол пеш ба Яман сафар кардааст. Амрико номи ин ду бародарро дар феҳристиононе ҷой додааст, ки ҳақи парвоз надоранд.

XS
SM
MD
LG