Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин иҷлоси ҳайати нави порламони Узбакистон


Бинои порламони Узбакистон

Бинои порламони Узбакистон

Иҷлосияи аввали порламони нави Узбакистон 12 январ дар Тошканд баргузор мешавад. Тибқи Қонуни Асосии ин кишвар иҷлосияи аввалро Кумиссиюни Марказии интихобот даъват мекунад.

Дар ин кишвар 21 декабри соли 2014 интихоботи порламонӣ баргузор шуд ва аз 135 намояндаи зарурӣ 113 нафари онҳо интихоб шуданд. Дар 22 ҳавза намояндагон 4 январ дар интихоботи такрорӣ рай ба даст оварданд.

52 намоянда аз Ҳизби Либералӣ-Демократӣ, 36 нафар аз ҳизби демократии "Миллий тикланиш", 27 нафар аз ҳизби Халқӣ-Демократӣ, 20 нафар аз ҳизби сотсиал-демократи “Адолат” ва 15 нафар аз ҷунбиши муҳити зисти Узбакистон вориди порламон шуданд.

Порламони Узбакистон дорои ду маҷлис аст. Маҷлиси поёнӣ дорои 135 ҷой ва Маҷлиси болоӣ дорои 100 ҷой мебошанд.

XS
SM
MD
LG