Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куба 8 маҳбуси сиёсиро аз зиндон раҳо кард


Парчамҳои Куба ва Амрико
Парчамҳои Куба ва Амрико

Мақомоти Куба 8 маҳбуси сиёсии дигарро аз зиндон раҳо карданд. Куба дар ҷараёни тавофуқоти ахири ба дастомада бо Амрико қавл дода буд, ки 53 маҳбуси сиёсиро раҳо мекунад. Дар ин бора хабаргузории Ройтерз гузориш додааст.

Дар давоми ду рӯзи ахир шумораи раҳошудагон ба 11 нафар расидааст. Аксари раҳошудагон аъзои гурӯҳи норозии Иттиҳоди Сиёсии Куба мебошанд.

Раҳоии зиндониёни сиёсӣ яке аз шартҳои беҳбуди муносиботи миёни Амрико ва Куба ба шумор меравад. Ин тавофуқот густариши ҳамкориҳои ду ҷониб ва имкони барқарории муносибатҳои дипломатиро низ дар назар дорад. Муносибатҳои дипломатии ин ду кишвар 50 сол пеш қатъ шуда буд.

XS
SM
MD
LG