Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвои Ҷабборов баррасӣ мешавад


Содир Ҷабборов

Содир Ҷабборов

Додситонии Қирғизистон мегӯяд, иддаои Содир Ҷабборов - яке аз раҳбарони мухолифони давлати Қирғизистон бар зидди раиси ҷумҳур ва шахсиятҳои дигари раҳбарӣ ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Вай ин иддаоро дар китоби интернетии худ матраҳ кардааст.

Дафтари додситонии кулли Қирғизистон 8 январ гуфт, агар ин иддао ба воқеият дуруст ояд, дар он сурат ононе, ки муттаҳам шудаанд, ба додгоҳ кашонда мешаванд. Вале агар ин иддао дуруғ бошад, ононе, ки ин иддаоро матраҳ кардаанд, ҷазо хоҳанд гирифт.

Китоби Содир Ҷабборов - намояндаи пешини порламон аз ҳизби Ата Жорт бо номи “10 сол дар сиёсат” дар ин рӯзҳо дар интернет ба чоп расид, вале дар шакли китоб дар Қирғизистон ба нашр нарасидааст.

Ҷаъфаров ҳоло дар Полша ба сар мебарад. Вай иддао кардааст, ки Алмосбек Атамбоев - раиси ҷумҳур ва Розия Отунбоева - раиси ҷумҳури пешин ва баъзе раҳбарони дигар ба таври махфӣ соли 2011 миқдори зиёди тиллоро ба Туркия интиқол додаанд.

XS
SM
MD
LG