Пайвандҳои дастрасӣ

Пулиси Фаронса мегӯяд, ки як хонум афсари пулис дар ҷануби шаҳри Порис ҳадафи тир қарор гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки 7 январ дар ҳамла ба дафтари ҳафтаномаи Charlie Hebdo 12 нафар ба қатл расид.

Пулис мегӯяд, то ҳол маълум нест, ки оё ҳамла ба ин кормандионҳо бо ҳамла ба дафтари ҳафтанома иртибот дорад ё хайр. Шабакаи телевизионии iTELE гуфтааст, ки баъд аз тирандозӣ ду нафар дар рӯзи замин мехобид.

Пулис ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ки як марди дорои камарбанди зидди тир ё ҷавшан аз силоҳи худкор ба сӯи кормандони пулис оташ кушодааст.

Вазири корҳои дохилаи Фаронса, ки билофосила ба маҳали ин ҳодиса дар ҷануби Порис ҳозир шуд, ба матбуот гуфтааст, ки марди мусаллаҳ боздошт нашудааст ва аз маҳали ҳодиса фирор кардааст.

XS
SM
MD
LG