Пайвандҳои дастрасӣ

Бештар аз як миллион нафар муҳоҷирони кории хориҷӣ, ки аз мӯҳлати пешбинишудаи 90 рӯзаи иқомати муваққатӣ бештар дар қаламрави Русия иқомат кардаанд, наметавонанд дар давоми чанд соли оянда вориди ин кишвар шаванд.

Константин Ромодановский-раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, сабаб ин аст, ки аз 10 январ ислоҳе дар қонуни муҳоҷиратии Русия эътибор пайдо кардааст.

Бар асоси ин тағирот, ононе, ки бештар аз 120 рӯз ғайриқонунӣ иқомат кардаанд, 3 сол аз ҳақи вуруд маҳрум мешаванд. Ононе, ки бештар аз 270 рӯз зиндагӣ кардаанд, барои панҷ сол ва ононе, ки беш аз як сол ғайриқонунӣ дар Русия иқомат кардаанд, 10 сол аз ҳақи вуруд ба қаламрави Русия маҳрум мешаванд.

Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Русия, ҳоло дар ин кишвар тақрибан 3 миллион нафар хориҷиён ғайриқонунӣ иқомат мекунанд. Аксари онҳо аз кишварҳои Шӯравии пешин мебошанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG