Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ашраф Ғанӣ ҳамлаи Порисро маҳкум кард


Ашраф Ғанӣ

Ашраф Ғанӣ

Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳури Афғонистон дар баробари раҳбарони дигари ҷаҳон ҳамла ба дафтари ҳафтаномаи Charlie Hebdo дар Порис ва куштори 12 нафарро маҳкум кард. Ғанӣ 8 январ гуфт, “куштори афроди бедифоъ ва шаҳрвандон фаҷиътарин амали террористӣ мебошад ва барои ин амали бераҳмона ҳеҷ тавҷеҳ вуҷуд надорад”.

Вай гуфт, ки “терроризм хатари умумӣ барои минтақа ва барои тамоми ҷаҳон аст”. Вай даъват кард, ки бар зидди терроризм муборизаи муштарак анҷом бигирад.

Афғонистон баъд аз хатми ширкати расмии нируҳои эътилофи байналмиллалӣ дар амалиёти таҳоҷумӣ дар поёни соли гузашта ҳамеша мавриди ҳамлаҳои шӯришиёни Толиб қарор мегирад.

Баъд аз ҳамлаи 11 сентябри соли 2001 ба Амрико нируҳои НАТО ба сарпарастии Амрико соли 2001 вориди Афғонистон шуданд.

XS
SM
MD
LG