Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Фаронса як рӯз мотам эълон шудааст


Мануел Воллз
Мануел Воллз

Мануел Воллз-нахуствазири Фаронса мегӯяд, ки дар робита бо террори 7 январ 12 нафар кормандони ҳафтаномаи Charlie Hebdo шаби гузашта амалиёти ҷустуҷӯи қотилон идома доштааст ва чанд нафар боздошт шудаанд. 8 январ Воллз ба шабакаи радиоии RTL гуфт, ки баъд аз ҳамлаи 7 январ “шаби гузашта чанд нафар боздошт шудаанд”.

Хабаргузории Франс Пресс аз қавли мақомоти адлия гуфтааст, ки мардону занони наздик ба ду бародаре, ки гумонбари ин куштор дониста мешаванд, дар дафтари пулис таҳти бозпурсӣ қарор доранд.

Пулис Шариф Куашии 32 соларо ҷустуҷӯ мекунад. Вай соли 2008 барои ҳамкориаш бо як шабакаи ҷалби муҷоҳидон ба Ироқ маҳкум ба зиндон шуда буд. Бародари вай Саиди 34 соларо низ ҷустуҷӯ мекунанд.

Бино ба гузоришҳо, Ҳамид Муроди 18 сола, ки бо ин ду бародар ҳамкорӣ кардааст, субҳи 8 январ худро ба пулис таслим намудааст. Воллз мегӯяд, бародарон Куашиҳо дар Порис ба дунё омадаанд ва барои хадамоти кашф маълум будаанд ва “шаке нест”, ки онҳоро хадамот то анҷоми ин ҳамла дар пайгарди худ қарор додааст.

8 январ дар Фаронса рӯзи мотам эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG