Пайвандҳои дастрасӣ

Номаи таслияти Э.Раҳмон ба Ф.Ҳолланд


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пайи террористӣ ба идораи маҷаллаи “Шарли Эбдо”, ки 12 кушта ба ҷо гузошт, ба президенти Фаронса Франсуа Жерар Жорж Ҳолланд изҳори таслият кардааст.

Дафтари матуботи президенти Тоҷикистон рӯзи 8 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар таслиятномаи президент зикр шудааст, ки “хабари даҳшатангез дар бораи ҳамлаи ғаддоронаи террористӣ дар Париж ба идораи ҳайати таҳририяи маҷаллаи “Шарли Эбдо” мардум ва ҳукумати Тоҷикистонро бениҳоят андӯҳгин кард." Президенти Тоҷикистон таъкид кардааст, ки "ин амали ғайриинсонӣ ҳамаи моро бори дигар ҳушдор медиҳад: башарият имрӯз бо душмани умумие рӯ бу рӯст, ки хориҷ аз чаҳорчӯби ҳар гуна қоидаҳои зиндагии инсонист."

Эмомалӣ Раҳмон афзудааст, ки “муборизаи дастаҷамъона бар зидди ин “вабои аср” бояд ҳамаи моро муттаҳид созад ва Тоҷикистон, ки бо Фаронса дар ин ҷода ҳамеша ҳамкориҳои хубу созанда дошт, таъкидан иброз медорад, ки дар амри решакан намудани ин падидаи фалокатбор бо Фаронса хоҳад буд."

XS
SM
MD
LG