Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ду ҳамлаи ҷудогона дар Афғонистон ҳафт нафар, аз ҷумла, як додрас, кушта шуданд. Сухангӯи полис Ҳазрат Машриқивол гуфт, ки дар бомгузорие дар шаҳри Ҷалолобод, воқеъ дар шарқи кишвар, рӯзи 7 январ Муҳаммал-ул-Ҳасан, додраси вилояти Лағмон, ба ҳалокат расид ва ду тифли ӯ захмӣ шуданд. Ба иттилои расмӣ, ҳамла пешакӣ тарҳрезӣ шуда буд ва афроди ношинос аз мошини раҳгузар ба мошини додрас норинҷак андохтаанд.

Дар вилояти Бағлон бошанд, ба иттилои намояндаи полис Ҷовид Башорат, шаш корманди як тарҳи роҳсозӣ кушта шуданд. Як нафар ҷароҳат бардошта, ду каси дигар аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Масъулияти ҳамлаҳоро касе бар ӯҳда нагирифтааст.

Баъд аз хатми рисолати низомии нерӯҳои НАТО ва ИМА дар поёни соли гузашта, Толибон ҳамлаҳо дар Афғонистонро афзоиш доданд. Айни ҳол дар ин кишвар тақрибан 13 ҳазор низомии хориҷӣ мустақаранд, ки ба тамрини нерӯҳои афғон машғул хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG