Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷрои ҳукми эъдоми боз ду террорист дар Покистон


Мақомоти Покистон аз эъдоми боз ду нафари муттаҳам дар терроризм хабар доданд. Ба иттилои хабаргузориҳои маҳаллӣ, ду узви гурӯҳи исломии “Лашкари Ҷангвӣ”, ки соли 2012 ба қатл маҳкум шуда буданд, рӯзи 7 январ дар шаҳри Мултон ҳалқовез шуданд.

Баъд аз лағви мораторий оид ба ҳукми эъдом дар моҳи гузашта 9 нафар ба қатл расиданд.

Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, рӯзи 17 декабр, баъд аз ҳамла ба як мактаб дар шаҳри Пешовар, мораторияи ҳукми қатлро бекор кард. ар он ҳамла, ки рӯзи 16 декабр сурат гирифт, 132 шогирд ва 9 омӯзгору кормандони мактаб кушта шуданд. Толибони Покистон гуфтанд, ки ҳамла ба мактаб – вокуниш ба амалиёти артиш ба манотиқи қабиланишини воқеъ дар марз бо Афғонистон аст.

Рӯзи 6 январ парлумони Покистон истифодаи додгоҳҳои низомӣ ба хотири бозрасии зудтари парвандаҳои марбут ба терроризмро пазируфт.

XS
SM
MD
LG