Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари таркиши мошин дар канори Академияи полис, воқеъ дар маркази Санъо, пойтахти Яман, рӯзи чаҳоршанбе тақрибан 30 нафар кушта ва беш аз 50 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Кормандони хадамоти амниятӣ ва шоҳидон мегӯянд, маргталаб микроавтобуси ҳомили маводи таркандаро дар ҳоле мунфаҷир кард, ки дар ҷавонони зиёде барои ҳуҷҷатсупорӣ дар назди бино ҷамъ омада буданд.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз ягон гурӯҳ бар ӯҳда нагирифтааст. Аз ин пеш ин гуна ҳамлаҳо аз сӯи гурӯҳи “Ал-Қоида дар нимҷазираи Араб” сурат мегирифтанд.

Рӯзи якуми январ бар асари ҳамин гуна ҳамлаи маргталабона дар шаҳри Ибб, воқеъ дар қисмати марказии Яман, 26 нафар ҷон бохта буданд. Ҳадс зада мешавад, ки ҳадафи ҳамла – мусаллаҳони шиамазҳаб буданд. Онҳо аз моҳи сентбяри соли гузашта чанд муассисаи калидӣ дар шаҳри Санъо ва бархе вилоёти Яманро таҳти назорат доранд.

XS
SM
MD
LG