Пайвандҳои дастрасӣ

ҲНИТ: Ба мо толор намедиҳанд


Масъулони ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мегӯянд, дар навоҳии Рашт ва Абдураҳмони Ҷомӣ ба онҳо барои баргузории анҷуманҳои пешазинтихоботӣ толор надодаанд. Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ ба Радиои Озодӣ гуфт, масъулини бахши ҲНИТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рӯзи 31-уми декабри соли 2014 барои баргузории конфронс аз раиси ҳукумати ноҳия толор дархост карда буданд, аммо то ҳол мақомот бо ҳар баҳона аз додани толор худдорӣ мекунанд. Масъулони ҲНИТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар дархости худ рӯзи 7-уми январ, соати 10:00-ро замони баргузории конфронс дарҷ карда буданд, аммо мақомот то ҳол мегӯянд, ки толори холӣ вуҷуд надорад, ки барои наҳзатиён бидиҳанд. Бинобар ин, масъулини ҲНИТ дар ноҳия маҷбур шуданд, ки конфронс барои пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагонро дар яке аз хонаҳои фаъолони ҳизбӣ баргузор намоянд.

Ба гуфтаи оқои Файзраҳмон, масъулини бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт барои толор рӯзи 2-юми январ ба худи раиси ҳукумати ноҳия дархост карда буданд, аммо имрӯз, ки бояд конфронс соати 10:00 баргузор мешуд, масъулини ноҳия мегӯянд, ки бахши наҳзат бори дигар барои толор дархост намояд. Бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар рӯзи 2-юми январ барои баргузории конфронс дархости толор карда буд ва рӯзи дигараш, яъне 3-юми январ раиси онвақтаи Рашт, Саидимрон Назаров аз кор рафт ва ба ҷояш Қаноатшоҳ Лоиқов, раиси ҳукумати ноҳияи Рашт таъйин шуд. Мақомоти ноҳия мегӯянд, ки дархости ҲНИТ ба раиси пешини ноҳия буд ва аз ин рӯ, бояд ба раиси нав барои толор аз нав дархост бидиҳанд. Маҳмудҷони Файзраҳмон мегӯяд, ки агар мақомоти Рашт ба ин кашолкорӣ идома бидиҳанд, бахши ҲНИТ маҷбур аст, ки конфронс оид ба пешбарии номзад ба вакилии МН-ро дар хонаи яке аз фаъолони ҳизбӣ баргузор намояд.

Аз ин қабл мақомоти тоҷик дархости ин ҳизб барои баргузории анҷумани қаблазинтихоботиро радд карданд ва ҲНИТ анҷуманашро дар қароргоҳи худ баргузор кард.

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар таърихи 1 марти соли равон доир мешавад.

XS
SM
MD
LG