Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Украина аз имкони минакорӣ кардани бархе аз роҳу пайраҳаҳо дар манотиқи ҳаммарз бо вилоятҳои Донетск ва Луҳанск, ки аз сӯи ҷудоихоҳон назорат мешаванд, хабар доданд. Андрей Лисенко, намояндаи Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи Украина, рӯзи чоршанбе, 7 январ ба хабарнигорон гуфт, ки убуру мурур ба ин ду вилоят фақат тавассути ҳафт гузаргоҳи марзӣ сурат мегирад.

Аз ин пеш раиси Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи Украина Александр Турчинов эълом дошт, ки ҳаракати мардум ва интиқоли молу коло аз “хатти ҷабҳа” дар Донбасс маҳдуд мешавад.

Қаблан Киев дар бораи қатъи ҳаракати автобусҳои мусофирбар ба вилоятҳои Донетск ва Луҳанск хабар дод ва онро бо таъмини амният рабт дод. Мақомоти ҷумҳуриии худхондаи Донетск ин изҳороти мақомоти Украинаро чун талоши фишор қабл аз даври навбатии музокирот оид ба ҳалли низоъ дар Донбасс арзёбӣ намуданд. Қарор аст, ки рӯзи 9 январ мулоқоти вазирони умури хориҷӣ аз рӯи “формати Нормандия” (Украина, Русия, Олмон ва Фаронса) баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG