Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби қонуни адвокатура


Парлумони Тоҷикистон рӯзи 7 январ лоиҳаи қонун дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатиро қабул шуд. Ин лоиҳа аз ҷониби ҳукумат ба парлумон ворид шуда ва 7 моҳ мавриди баррасӣ қарор дошт. Тибқи ин қонун, ҳамакнун адвокатҳо ҳар 5 сол пас бояд бозомӯзӣ шаванд, чун ба гуфтаи масъулини адлия, муроҷиату шикоятҳо аз болои адвокатҳо зиёд будааст. Қаблан адвокатхо метавонистанд бо иҷозаи худи коллегияҳо дар адвокатура кор кунанд. Дар Тоҷикистон 8 коллегияи адвокатҳо ва ҳудуди 2 ҳазор адвокат ё вакили дифоъ фаъолият мекунад.

XS
SM
MD
LG