Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

22 ҷои кор дар Роғун барои муҳоҷирони ихроҷшуда


22 муҳоҷири собиқро, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд, дар сохтмони нирӯгоҳи Роғун бо ҷои кор таъмин кардаанд. Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 6 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин 22 нафар тахассусҳои мухталифи соҳаи сохтмон доранд ва дар Русия бо ҳамин шуғл машғул буданд, аммо вуруди дуборашон ба Русия манъ шудааст. Аз ин рӯ, онҳоро барои кор ба неругоҳи барқи обии Роғун ҷалб кардаанд.

Таъмини ҷои кор барои муҳоҷироне, ки аз Русия ихроҷ шудаанд, бар асоси пешниҳоди раёсати сохтмони асосии ҶСК «НБО Роғун» сурат мегирад. Хадамоти муҳоҷират аз муҳоҷироне, ки ихтисосҳои сохтмонӣ доранд, хостааст, барои ҷои кор ба бахши ин ниҳод дар шаҳри Роғун муроҷиат кунанд.

XS
SM
MD
LG