Пайвандҳои дастрасӣ

Коргоҳи дӯзандагӣ ва клубу китобхона - ба ҷои масҷид


Масҷиди марказии Кӯлоб

Масҷиди марказии Кӯлоб

Раиси шӯъбаи дини минтақаи Кӯлоб гуфтааст, ба зудӣ 3 масҷиди “бесоҳиб” дар ноҳияи Данғараро ба коргоҳи дӯзандагӣ, клуб ва китобхона табдил хоҳанд дод. Бино ба гузориши хабаргузории “Азия Плюс”, Шариф Абдулҳамидов ҳамчунин гуфтааст, ҳамин тавр, аз 16 масҷиди “бесоҳиб” дар ноҳияи Темурмалик 10 масҷидаш барои ҷой кардани иншооти иҷтимоӣ ба ҷамоатҳо супурда шуда, 6 бинои дигарро тахриб хоҳанд кард. Ба гуфтаи ӯ, дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб низ 20 масҷид то ҳол ҳамчун макони фароғати собиқадорон сабти ном шудааст, вале собиқадоронро берун карда, ин биноҳоро ба ибодатгоҳ табдил додаанд. Ҳоло, афзудааст ӯ, ин 20 бино ба собиқадорон баргардонда мешаванд.

Раҳбари бахши дини минтақаи Кӯлоб дар маҷмӯъ аз ошкор шудани 138 масҷиду намозгоҳи ғайриқонунӣ ваё сабтиномношуда дар 10 ноҳияи ин минтақаи вилояти Хатлон хабар додааст. Дар ҳоли ҳозир дар ин минтақа 588 масҷиди расмӣ, аз ҷумла 7 масҷиди марказӣ ва 50 масҷиди ҷумъахонӣ амал мекунад.

XS
SM
MD
LG