Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

100 рӯзи раёсати Ашраф Ғанӣ пушти сар шуд


Ашраф Ғанӣ
Ашраф Ғанӣ

6 январ аз рӯзи эълони ҳукумати муросои мардумӣ дар Афғонистон 100 рӯз гузашт. Ашраф Ғанӣ - раисиҷумҳур дар сари қудрат 100 рӯзро сипарӣ кард ва то ҳол бо Абдулло Абдулло-раиси ҳукумати ваҳдати мардумӣ дар интихоби вазирони нав дасту панҷа нарм мекунанд.

Баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки бо тақаллуб ҳамроҳ буд, Ашраф Ғанӣ бо чолишҳо рӯ ба рӯ шудааст. Ҷонибдорони Ашраф Ғанӣ ва Абдулло ба тавофуқ расида буданд, ки аз ҷанги дохилӣ пешгирӣ мекунанд. Вале дар ҳоли хуруҷи нируҳои байналмиллалӣ аз Афғонистон мушоҳида шуд, ки Толибон фаъолиятҳои шӯришии худро бештар кардаанд.

Аз 140 000 нируи хориҷӣ акнун дар Афғонистон тақрибан 13 ҳазор нафар боқӣ мемонанд. Бо назардошти ҳамлаҳои зуд-зуди Толибон Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳур 4 январ гуфт, ки бояд дар мавриди вақти ниҳоии хуруҷи нируҳо бознигарӣ сурат бигирад ва ҳамаи ҷонибҳо бояд вазъиятро дар назар дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG