Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси ҲНИТ бо шаҳрдории Хуҷанд ба додгоҳ меравад


Бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд мегӯяд, алайҳи шаҳрдории Хуҷанд аризаи даъвоӣ омода намуда ва то чанд рӯзи дигар ба додгоҳ ироа хоҳад кард. Бинои дафтари бахши суғдии ҲНИТ-ро мақомоти шаҳрдории Хуҷанд моҳи июни соли гузаштаи 2014 “тибқи нақшаи генералӣ”-и шаҳр бо ваъдаи пардохти ҷуброн, тахриб карда буданд. Вале масъулони бахши суғдии ҲНИТ мегӯянд, тӯли 6 моҳи гузашта мақомот ҳанӯз аз додани иншооти баробарвазни дигар, замин барои бунёди бино ва ё ҷуброни молӣ, сарпечӣ мекунанд. Файзинисо Воҳидова, вакили дифоъ, ки дар ин қазия аз манфиатҳои ҲНИТ ҳимоят мекунад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳолат онҳоро водор кардааст қазияро бо роҳи додгоҳӣ ҳал кунанд: “Мо аризаи даъвоиро омода кардем, дар наздиктарин рӯзҳо ба додгоҳи шаҳри Хуҷанд муроҷиат мекунем. Ҷиҳати “рӯёнидани зарари моддӣ, 622 ҳазор сомонӣ барои иҷборан қатъ кардани ҳуқуқи моликият ба бино.”

Ба гуфтаи хонум Воҳидова, мақомот бе риояти тартиби пешбининамудаи қонун, ки пеш аз тахриби моликияти шахсӣ, давлат бояд маблағи онро ба соҳибмулк пардозад, ҳамчунин барои сохтмони иншооти нав қитъаи замин ҷудо кунад, биноро вайрон ва ба замин яксон намуданд. Вале тасмими масъулони бахши суғдии Ҳизби наҳзати исломӣ дар ҳолест, ки раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, дар нишасти хабариаш рӯзи 5-уми январ гуфт, дархости ҲНИТ “дар чорчӯбаи қонун ва дар асоси нақшаи кулли шаҳри Хуҷанд” амалӣ карда хоҳад шуд: “Мо дар ин бора ба шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ лоиҳа пешниҳод кардем, ки бинои хидматрасонӣ ё маъмуриеро дар шаҳр пайдо кунанд.”

Ба назар мерасад, баҳси бахши ҲНИТ дар Хуҷанд бо шаҳрдорӣ билохира ҳалношуда ба додгоҳ хоҳад рафт. Чунки ба гуфтаи манобеи огоҳ аз қазия дар шаҳрдории Хуҷанд, онҳо дархости ин ҳизбро ба таври “қонунӣ” ва бинобар “надоштани санади ҳуқуқи истифодаи замин” барои бинои харобгаштаи дафтари онҳо рад кардаанд. Иддаое, ки масъулони ҲНИТ қабул надоранд ва мегӯянд, тибқи Кодекси замини Тоҷикистон, баробари харидани он иншоот, ҳуқуқи истифодаи онро низ ба таври автоматикӣ ба даст овардаанд.

XS
SM
MD
LG