Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи нафт ва арзиши рубл боз поин рафт


Арзиши рубли русӣ 6 январ поин рафт, зеро дар бозорҳои ҷаҳон нархи нафт низ поин меравад. Нафт яке аз маводи аслии содиротии Русия ба шумор меравад ва дар панҷ соли охир нархи он ба поинтарин нуқта расидааст.

Иқтисоди Русия, ки ба нафт такя мекунад, бо поин рафтани нархи нафт дар давоми чанд моҳи охир ва дар натиҷаи таҳримҳои Ғарб барои ҳамроҳ кардани Қрим ба Русия ва ҳимоят аз ҷудоихоҳон дар шарқи Украина ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст.

Соли гузашта рубл тақрибан ними арзиши худро гум кард ва 16 декабр як доллар ба 80 рубл расид. Дар остонаи Соли Нав ҳукумат миллиардҳо доллар вориди муомилот кард, то арзиши рублро боло барад.

5 январ як доллар ба 60 рубл баробар буд, вале 6 январ ба 63 рубл расид, зеро нархи нафт дар бозорҳо дар ҳоли поин рафтан аст ва нархи як бушка нафт 50-52 долларро ташкил дод.

XS
SM
MD
LG