Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Валиаҳди Урдун мехоҳад раиси ФИФА шавад


Валиаҳди Урдун Алӣ Бин Ал Ҳусейн

Валиаҳди Урдун Алӣ Бин Ал Ҳусейн

Валиаҳди Урдун Алӣ Бин Ал Ҳусейн-муовини раиси FIFA ё Федератсияи Байналмиллалии Футбол мегӯяд, ки барои иваз кардани Сепп Блаттер-раиси ин федератсия 29 май дар интихобот ширкат хоҳад ҷуст. Алӣ Бин Ал Ҳусейн 6 январ эълон кард, ки дар интихоботи ояндаи раиси ин федератсия яке аз номзадҳо хоҳад буд.

Валиаҳд Алӣ 39 сола аст ва мегӯяд, ки “замони овардани тағирот” дар федератсияи футбол фаро расидааст. Дар давоми 17 соли раҳбарии Блаттер ин федератсия ба иддаоҳои такрор ба такрори ришвахорӣ рӯ ба рӯ шудааст.

Раиси кумитаи одоби ФИФА Майкл Гарсия моҳи декабри соли гузашта аз мақоми худ истеъфо дод, зеро раҳбарияти федератсия нахост тасмим дар бораи баргузории бозиҳои қаҳрамонии ҷаҳон дар солҳои 2018 дар Русия ва 2022 дар Қатарро бознигарӣ кунад. Далелҳое вуҷуд дорад, ки ин ду кишвар гӯё барои гирифтани ҳақи мизбонии ин бозиҳо ришва додаанд.

Ҳоло Блаттер 79 сола аст ва мехоҳад бори панҷум барои 5 соли дигар раиси ин федератсия интихоб шавад.

XS
SM
MD
LG